мӯ مو I
исм
  1. найчаҳои маҳин ва нозук, ки дар сар, рӯй ва дар пӯсти бадани инсон мерӯянд
    • Яке кардаш қабои ноз дар бар,

      Дигар мебофташ мӯи муанбар.

      Ҳозиқ
    мӯи валодат مو‌ی ولادت
    исм
    мӯе, ки ҳангоми таваллуд дар сари тифл бошад, мӯйсари тифлӣ
    мӯи дурӯғ مو‌ی دروغ
    сифат
    мӯи ориятӣ
    мӯи жӯлида مو‌ی ژولیده
    сифат
    мӯи ошуфта, мӯи бетартиб, мӯи парешон ва пароканда, мӯи дарҳам­печида
    мӯи шабгун مو‌ی شبگون
    сифат
    мӯи сиёҳ, мӯи мисли шаб сиёҳ
    чу шир будани мӯи касе چو شیر بودن مو‌ی کسی
    сафед будани мӯи касе
  2. мӯи пӯсти ҳайвонот, пашм
    • Зи пӯяндагон ҳар ки мӯяш накӯст,

      Бикушту аз эшон бароҳехт пӯст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. пӯстин, пӯсти қиматбаҳои ҳайвонот
    • Ба мӯю ба бӯю ба динору зар

      Шуд ороста пушти пилони нар.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. маҷ. тори соз, тори асбоби мусиқӣ
    • Баски дар парда чанг гуфт сухан,

      Бибураш мӯй, то намӯяд боз.

      Ҳофиз
    мӯи миён مو‌ی میان
    исм
    киноя аз камар ва миёни борику нозук
    мӯй ба мӯй موی به موی
    нуқта ба нуқта, айнан, ба тафсил; тамоман, сар то по
    як мӯ یک مو
    киноя аз миқдори бисёр кам ва андак
    мӯе مو‌ی
    зарф
    киноя аз каме, андаке
    ба сари мӯе به سر مو‌ی
    киноя аз миқдор ва дараҷаи бисёр каме
    мӯ парешон кардан مو پریشان کردن
    киноя аз изҳори ҳасрат ва надомат, ғам ва ҳасрат
    мӯ шикофтан مو شکافتن
    феъл
    киноя аз камоли нуктасанҷӣ ва борикфаҳмӣ дар ҳалли масъалае
    мӯй шудан موی شدن
    феъл
    киноя аз лоғар шудан, хароб шудан, борику қоқ шудан
    мӯи оташдида кардан касеро مو‌ی آتش‌دیده کردن کسی را
    киноя аз касеро ошуфтаву музтариб гардонидан, беқарор кардан, ошуфта кардан
    мӯ дар миён нагунҷидан مو در میان نگنجیدن
    киноя аз ниҳояти қарин ва дӯсти наздик будани ду кас
    бархостани мӯ бар бадан برخاستن مو بر بدن
    феъл
    сахт нафрат кардан, бисёр хашмгин шудан; сахт тарсидан
    жӯбин шудани мӯй ژوبین شدن موی
    аз ғаму ғусса ва ё тарс рост шудани мӯй, сих шудани мӯй
    намондани мӯе то чизе نماندن مو‌ی تا چیز‌ی
    киноя аз камоли наздикӣ ба чизе
    чу теғ аз тани касе сар баровардани мӯй چو تیغ عض تن کسی سر برآوردن موی
    1. 1.
      киноя аз оташин шудан
    2. 2.
      нафрат пайдо кардани касе
мӯ مو II
исм
кафидагии нозуке, ки дар зарфҳои чинӣ пайдо мешавад
мӯи чинӣ
исм
мӯяки зарфи чинӣ, кафидагии нозук дар чинивор

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии мӯ, маънии вожаи мӯ, маънии калимаи мӯ, маънии ибораи мӯ, маънои мӯ, маънои вожаи мӯ, маънои калимаи мӯ, маънои ибораи мӯ, таърифи мӯ, таърифи вожаи мӯ, таърифи калимаи мӯ, таърифи ибораи мӯ, значение мӯ, значение слова мӯ, значение фразы мӯ, значение выражения мӯ, определение мӯ, определение слова мӯ, определение фразы мӯ, определение выражения мӯ