Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
мост ماست
исм
ҷурғот, шири бо моя туршонидашуда, ки ҳанӯз обаш нарафтааст
  • Ғарибе гарат мост пеш оварад,

    Ду паймона об асту як чумча дӯғ ... 

    Саъдӣ бештар
  • Мояам бинҳод миқдоре, ки хост,

    Шир будам, баъд аз онам кард мост.

    Абӯисҳоқи Атъима
мостоба ماست‌آبه
исм
хӯрокворӣ оши обдоре, ки аз биринҷ, гӯшти қима, пиёз ва картошка (ё шалғам ва ё сабзӣ) мепазанд ва ҷурғоту кабудӣ ҳамроҳ карда мехӯранд, биринҷобаи ҷурғотдор
алмостарош الماس‌‌تراش
исм
  1. он ки алмос метарошад
  2. асбоб ва олати алмостарошӣ
    • Ишқ бар доғи дилам судаи алмос афшонд,

      Дурри ашкам чи аҷаб гар бувад алмостарош.

      Сайиди Ашраф
алмостарошӣ الماس‌تراشی
исм
  1. амал ва фаъолияти алмостарош
  2. ҷой ва коргоҳи алмостарошӣ
нимостин نیم‌آستین
сифат
остинаш ним, остинкӯтоҳ: куртаи нимостин
гӯрмост گورماست
исм
  1. мостеро гӯянд, ки аз шири гӯрхар бошад
  2. мосте ҳам ҳаст, ки саҳронишинон созанд ва он мост чакидае аст, ки шири хом дар он дохил кунанд ва бар ҳам зананд ва хӯранд
хурмостон خرماستان хурмоситон
исм
ҷое, ки дарахтони хурмо зиёд аст, нахлистон
  • Газити рази борвар шаш дирам,

    Ба хурмоситон-бар ҳамин зад рақам. 

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Тане чанд дар хирқаи ростон

    Гузаштем бар тарфи хурмостон. 

    Саъдӣ
кирумостарпӯшӣ کروم‌آسترپوشی
исм
муҳандисии мавод ва метолуржӣ омодасозии сатҳи олюминиюм ё олёжи олюминюм бо маҳлули асидкрумик барои беҳбуди часбандагии ранг бар рӯйи он
зимост زی‌ماست
исм
улум ва фанноварии ғизо шире асиддӯст ва шабеҳ ба мост, ки бо оғозгарҳои ҳовии астарпатукукуси гармодӯст ва локтубосилуси асиддӯст таҳия мешавад
абаррасонандагӣ ابررسانندگی
исм
физик хосияти бархе мавод, ки муқовамати электирикии онҳо дар дамои пойинтар аз дамои гузорашон сифр мешавад; абаррасоноӣ

русӣ
исм
сверхпроводимость

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии мост, маънии вожаи мост, маънии калимаи мост, маънии ибораи мост, маънои мост, маънои вожаи мост, маънои калимаи мост, маънои ибораи мост, таърифи мост, таърифи вожаи мост, таърифи калимаи мост, таърифи ибораи мост, значение мост, значение слова мост, значение фразы мост, значение выражения мост, определение мост, определение слова мост, определение фразы мост, определение выражения мост