лавҳ لوح
арабӣ
исм
  1. ҳар чизи паҳн ва мусаттаҳ, хоҳ аз сангу чӯб ва хоҳ аз устухону филиз ва ғ., ки ба рӯи он хат ва нақшҳо кашида мешавад (монанди лавҳи мазор ва ғ.) 
    • Оламе аз ростгӯӣ душмани мо гаштаанд,

      Мо чи мекардем чун оина лавҳи покро. 

      Соиб бештар
    • Эй дида, лавҳи чеҳраро бо ашки хунин нақш кун,

      Нақши рухе дорӣ ҳавас, бинвис панди мо ба зар.

      Камоли Хуҷандӣ
  2. сармашқи бачаҳои навомӯз, ки чизҳои омӯхтанӣ ба рӯи он навишта мешавад, тахтачаи таълим
    • Подшоҳе писар ба мактаб дод,

      Лавҳи симинш бар канор ниҳод.

      Бар сари лавҳи он набишта ба зар:

      Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар. 

      Саъдӣ бештар
    • Дар дабиристон бад-ин шӯхию тифлӣ лавҳи меҳр,

      Чун биёмӯзӣ, ки дар такрор бозӣ мекунӣ?

      Камоли Хуҷандӣ
    лавҳи идбор لوح ادبار
    исм
    лавҳе, ки ситорашиносони қадим толеъи бадро дар он менавиштанд
    лавҳи маҳфуз لوح محفوظ
    исм
    лавҳе, ки бино ба ақидаи динӣ, амалҳои неку бади мардумонро дар азал бар он навиштаанд
    лавҳи по لوح پا
    исм
    яке аз асбобҳои дастгоҳи бофандагӣ – ду тахтаи хурдест, ки бофандагон агар пои ростро бар он монда зер кунанд, нисфи ресмонҳо поин мешавад ва агар пои чапро зер кунанд, нисфи дигараш поин мешавад; поафшор, позеркунак
    ҳафт лавҳу чор сиришт هفت لوح و چار سرشت
    исм
    аз рӯи фалсафаи қадим ҳафт табақаи осмон ва чор унсур (оташу боду хоку об); замину осмон

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии лавҳ, маънии вожаи лавҳ, маънии калимаи лавҳ, маънии ибораи лавҳ, маънои лавҳ, маънои вожаи лавҳ, маънои калимаи лавҳ, маънои ибораи лавҳ, таърифи лавҳ, таърифи вожаи лавҳ, таърифи калимаи лавҳ, таърифи ибораи лавҳ, значение лавҳ, значение слова лавҳ, значение фразы лавҳ, значение выражения лавҳ, определение лавҳ, определение слова лавҳ, определение фразы лавҳ, определение выражения лавҳ