Нақди ҷонро лаби хомӯш нигаҳбон бошад,
Рахнаи мамлакати дил лаби хандон бошад.
Ва аз лаби Ҷайҳун то Фараб як фарсанг аст.
бештарХун меравад зи чашмам, он бахт ку, ки бинам,
Сарве нишаста бар лаб ин чашмаи равонро.
Дар муддати ду моҳ камобеш ба лаби дарёи Сир рафтанд, дар соҳате мусаммо ба Сосиққӯл нузул фармуд.
Чу Фиръавн тарки табоҳӣ накард,
Ба ҷуз то лаби гӯр шоҳӣ накард.
Ҳушёр набудаам даме то ҳастам,
Имшаб шаби қадр асту ман имшаб мастам,
Лаб бар лаби ҷому сина бар синаи хум,
То рӯз ба гардани суроҳӣ дастам.