кулоҳ کلاه‌ кулоҳ کله
исм
  1. каллапӯш; телпак
    • Расулро дидам бар ҳамон шутуре, ки дар хабар омадааст, нишаста ва кулоҳи сафед бар сар ниҳодӣ.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Як шаҳру ду подшаҳ нагунҷад,

      Ду сар ба яке кулаҳ нагунҷад. 

      Шоҳин
    кулоҳи душох کلاه دوشاخ
    исм
    кулоҳи махсуси сарвазирони қадими Эрон
    кулоҳи зангӯла کلاه‌ زنگوله
    исм
    кулоҳе, ки бар он зангӯла ва думи рӯбоҳ овехта ба сари одамони фиребгар ва қаллобу муттаҳам ниҳода, дар бозорҳо мегардондаанд
    кулоҳи мавлавӣ کلاه‌ مولوی
    исм
    кулоҳи махсуси дарвешон; кулоҳи намадин кулоҳи қаландару дарвешон
  2. кулоҳи ҷангӣ, тоскулоҳ, хӯд
    • Зи тоҷу зи тахту кулоҳу камар,

      Зи аспу зи астар, зи зарру гуҳар... 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. тоҷ
    • Чунин гуфт, к-оини тахту кулоҳ

      Каюмарс овард, к-ӯ буд шоҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    кулоҳи давлат کلاه‌ دولت
    исм
    тоҷи подшоҳӣ
    кулоҳи мулк کلاه‌ ملک
    исм
    киноя аз подшоҳ
    кулоҳи Сулаймон کلاه‌ سليمان
    исм
    кулоҳи афсонавии Сулаймон-пайғамбар, ки гӯё ҳар кас онро бар сараш ниҳад, дигарон ӯро надида, вай онҳоро медидааст; кулоҳи чарх киноя аз офтоб
    кулоҳ ниҳодан کلاه‌ نهادن
    феъл
    таслим шудан, мутеъ гардидан; сари таъзим фуруд овардан
    кулоҳ шикастан کلاه‌ شکستن
    феъл
    1. 1.
      баргардонидани гӯшаи кулоҳ, каҷ гузоштани кулоҳ
    2. 2.
      изҳори ғурур ва ҳавобаландӣ кардан; худнамоӣ ва олуфтагӣ кардан
    кулоҳ қозӣ кардан کلاه‌ قاضی کردن
    феъл
    ба танҳоӣ дар бораи чизе фикру мулоҳиза кардан, бо худ машварат кардан
    кулоҳ аз бари чарх гузоштан کلاه‌ از بر چرخ گزاشتن
    феъл
    ниҳоят сарафроз кардан
    кулоҳ аз сар андохтан کلاه‌ از سر انداختن
    киноя аз изҳори шодӣ кардан
    кулоҳ аз торак рабудан کلاه‌ از تارک ربودن
    феъл
    киноя аз куштан
    кулоҳ ба хок судан کلاه‌ به خاک سودن
    феъл
    киноя аз таъзим кардан; изҳори итоъат ва фармонбардорӣ кардан
    байза дар кулоҳ шикастан بیضه در کلاه‌ شکستن
    киноя аз шарманда кардан, расво кардан
    пашм дар кулоҳи касе набудан پشم در کلاه کسی نبودن
    феъл
    киноя аз ба ғоят муфлис будан; бе қадру эътибор будан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии кулоҳ, маънии вожаи кулоҳ, маънии калимаи кулоҳ, маънии ибораи кулоҳ, маънои кулоҳ, маънои вожаи кулоҳ, маънои калимаи кулоҳ, маънои ибораи кулоҳ, таърифи кулоҳ, таърифи вожаи кулоҳ, таърифи калимаи кулоҳ, таърифи ибораи кулоҳ, значение кулоҳ, значение слова кулоҳ, значение фразы кулоҳ, значение выражения кулоҳ, определение кулоҳ, определение слова кулоҳ, определение фразы кулоҳ, определение выражения кулоҳ