Мар-ӯро яке покдастур буд,
Ки рояш зи кирдори бад дур буд.
Гар мусаввир сурати он дилситон хоҳад кашид,
Ҳайрате дорам, ки нозашро чи сон хоҳад кашид.
Бо тоифае донишмандон дар ҷомеи Димишқ баҳсе ҳамекардам, ки ҷавоне даромад.
Гар аз по дарояд, намонад асир,
Ки уфтодагонро бувад дастгир.
Чунон нодир афтод дар равзае,
Ки бар лоҷвардӣ табақ байзае.
Дили дӯстон ҷамъ беҳтар, ки ганҷ,
Хазина тиҳӣ беҳ, ки мардум ба ранҷ.
Ҷамолат бар сари хубӣ кулоҳ аст,
Ба ном(и) изад, на рӯй аст он, ки моҳ аст.
Мурооти душман чунон кун, ки дӯст,
Ки ӯро ба фурсат тавон канд пӯст.