иттифоқ اتفاق
арабӣ
исм
  1. тасодуф, бе сабаби зоҳирӣ ва ба ғайри интизор воқеъ шудани коре
    • Аз иттифоқи бад ба суҳбати Абдураҳмон мубтало шудам.

      Авфӣ
  2. бо ҳамдигар мувофиқат кардан, ҳамфикр шудан; розигӣ, ҳамфикрӣ, муттафиқӣ, якдилӣ; иттиҳод
    • Бояд ки шартҳои нақиз андар чунин ҷойгоҳ ёд дорӣ, то бидонӣ, ки иттифоқ ҳаст ё нест.

      Ибни Сино бештар
    • Ба иттифоқи хирадмандон саги ҳақшинос беҳ аз одаме носипос.

      Саъдӣ
    • Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

      Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.

      Ҳофиз
    бар ҳасби иттифоқ بر حسب اتفاق
    зарф
    тасодуфан, иттифоқан
    иттифоқ афтодан اتفاق افتادن
    феъл
    аз ғайри ихтиёр, тасодуфан воқеъ шудани коре; рӯй додан; воқеъ шудан
    иттифоқ сохтан اتفاق ساختن
    феъл
    мусаммам шудан, қарор кардан, тасмим гирифтан
  3. созмон, муассиса ё ягон воҳиди ба он монанди дар асосҳои ихтиёрӣ муттаҳидшудаи ҷамъиятӣ: иттифоқи касаба, иттифоқи нависандагон, иттифоқи оҳангсозон, иттифоқи рассомон, иттифоқи рӯзноманигорон ва ғ.
    Иттифоқи Советӣ اتفاق ساویتی
    исм
    нигаред ба Иттиҳоди Шӯравӣ 1; иттиҳодияи сотсиалистии Авруосиё ва Руссия, ки аз чандин ҷумҳурии муттаҳид ташкил гардид, ки аз замони таъсис (1922) то замони таназзул (1990) бахши бузурге аз Аврупои Шарқӣ ва шимоли Осиёро дар бар мегирифт, Иттиҳоди Шӯравӣ
иттифоқан اتفاقاً
арабӣ
зарф
ногаҳон, ногоҳ, тасодуфан, нохост, аз қазо
  • Иттифоқан ҳаракате аз ӯ содир шуд.

    Саъдӣ бештар
  • Иттифоқан як ҷавоне тафтадил,

    Шуд дучори ӯ, зи дасташ рафта дил.

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
иттифоқӣ اتفاقی
сифат
  1. мансуб ба иттифоқ 2
    • Ҳамгинонро маълум шуд, ки салтанати он қавм иттифоқист, на истеҳқоқӣ. (1)

      Ҷомеъу-т-таворих
  2. иттифоқшуда, муттафиқшуда; муттаҳид ба як давлат: ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (таър)
иттифоқнома اتفاق‌نامه
исм
нома ё ҳуҷҷате, ки аз номи умум баён меёбад
иттифоқо اتفاقا
зарф
нигаред ба иттифоқан 1; ногаҳон, ногоҳ, тасодуфан, нохост, аз қазо
  • Пагоҳ иттифоқо хунукии ҳаво шиддат кард.

    Садри Зиё
иттифоқчӣ اتفاقچی
исм
  1. яке аз чанд нафаре, ки бо ҳам барои расидан ба мақсаде иттифоқ бастаанд
  2. ҳар як аз давлатҳои бо ҳам якшуда дар асоси созиш ё аҳду паймон (дар вақти ҷанг)
иттифоқия اتفاقیه
арабӣ
сифат
  1. иттифоқафтода, иттифоқшуда
  2. гоҳ ба гоҳ
иттифоқи камбағалон اتفاق کمبغلان
исм
таърихӣ ташкилоти сиёсии меҳнаткашони деҳот дар давраи ислоҳоти замин дар Осиёи Миёна (1918-1920)
иттифоқ кардан اتفاق کردن
феъл
як шудан, ҳамроҳ шудан; ба як фикр омадан, ҳамфикр шудан
  • Онҳо иттифоқ карда, барои халосии эшон ба меҳмонхона даромаданд.

    Садри Зиё
иттифоқи ҳасана اتفاق حسنه
исм
некбахтие, ки ногаҳонӣ рӯй медиҳад, ҳодисаи хушбахтона

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии иттифоқ, маънии вожаи иттифоқ, маънии калимаи иттифоқ, маънии ибораи иттифоқ, маънои иттифоқ, маънои вожаи иттифоқ, маънои калимаи иттифоқ, маънои ибораи иттифоқ, таърифи иттифоқ, таърифи вожаи иттифоқ, таърифи калимаи иттифоқ, таърифи ибораи иттифоқ, значение иттифоқ, значение слова иттифоқ, значение фразы иттифоқ, значение выражения иттифоқ, определение иттифоқ, определение слова иттифоқ, определение фразы иттифоқ, определение выражения иттифоқ