Н-аз сару гӯш одамияст одамӣ,
Дев бувад мардуми бе мардумӣ.
бештарГар нишинад фариштае бо дев,
Ваҳшат омӯзаду хиёнату рев.
Дева ҳарчанд к-абрешим бикунад,
Ҳар чи он бештар ба хеш танад.
Гашт сутунат чу зи девак тиҳӣ,
Сустии он сақф, ки бар вай ниҳӣ...
Душман аз теғи маликшоҳӣ ҳазар карду гурехт,
З-он ки теғаш соиқ асту душманаш девахтар аст.
Ҳамон пойкӯбони кашмирзод
Муаллақзан аз рақс чун девбод.