Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
гӯш گوش I
исм
  1. узви шунавоии инсон ва ҳайвон, узви ҳисси сомеъа
    • Гӯш сӯи ҳама суханҳо дор,

      Он чи з-ӯ беҳ, даруни ҷон бингор.

      Саноӣ бештар
    • Гӯш тавонад, ки ҳама умри вай

      Нашнавад овози дафу чанги най?

      Саъдӣ
  2. гӯшаки асбобҳои мусиқии тордор
    • Биё мутрибу тоб деҳ гӯши уд,

      Ба гӯши ҳарифон расон ин суруд.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Ҳеч гаҳ аз гӯши қонун барнаёмад нолае,

      Мардуми нофаҳмро аз суҳбати доно чи ҳаз.

      Ҳоҷӣ
    гӯши муш گوش موش
    исм
    навъе аз райҳон, ки барги он монанди гӯши муш аст, марзангӯш
    гӯши рашад گوش رشد
    сифат
    гӯши суханшунав
    гӯши ризо گوش رضا
    исм
    самъи қабул, бо мақсади ризомандӣ ба гапи касе гӯш додан
    гӯш афтодан گوش افتادن
    феъл
    кар шудан, ношунаво шудан
    гӯш бардоштан گوش برداشتن
    феъл
    ноумед шудан, аз интизорӣ қатъи назар кардан
    гӯш бедор сохтан گوش بیدار ساختن
    феъл
    ҳушёр шудан
    гӯш гаштан گوش گشتن
    феъл
    бисёр мутаваҷҷеҳ шудан, суханшунав гардидан
    гӯш гарон гаштан گوش گران گشتن
    феъл
    вазнин шудани гӯш; киноя аз суханношунавӣ, беэътиноӣ
    гӯш гирифтан گوش گرفتن
    феъл
    1. 1.
       аз таъсири чизе безор шудан, мас. аз овози баланд, садои дурушти нофорам
    2. 2.
      мутанаббеҳ шудан, танбеҳ дидан
    гӯш доштан گوش داشتن
    феъл
    1. 1.
      шунидан, гӯш кардан, мутаваҷҷеҳ шудан, таваҷҷӯҳ кардан
    2. 2.
      умед бастан ба чизе, мунтазир будан ба чизе
    3. 3.
      дар ёд доштан, дар хотир доштан
    4. 4.
      муҳофиза кардан, маҳфуз доштан, нигаҳдорӣ кардан
    гӯшу ҳуш доштан گوش و هش داشتن
    феъл
    диққат ва таваҷҷуҳи тамом доштан
    гӯш кардан گوش کردن
    феъл
    1. 1.
      шунавидан, гӯш додан
    2. 2.
      ёд гирифтан, омӯхтан, аз худ кардан
    гӯш кушодан گوش کشادن
    феъл
    киноя аз бо диққат шунидан
    гӯш молидан گوش مالیدن
    феъл
    1. 1.
      танбеҳ кардан, ҷазо додан
    2. 2.
      мағлуб кардан
    гӯш печидан گوش پیچیدن
    феъл
    танбеҳ кардан ва мағлуб гардонидан касе ё чизеро
    гӯш печонидан گوش پیچانیدن
    феъл
    танбеҳ кардан, гӯшмол додан
    гӯш тофтан گوش تافتن
    феъл
    гӯшмол додан, танбеҳ додан
    гӯш фурӯ бастан گوش فرو بستن
    феъл
    нашунидан, аз шунидан рӯ тофтан
    гӯш хобондан گوش خواباندن
    феъл
    хомӯш истодан дар интизори фурсати муносиб
    гӯш хоридан گوش خاریدن
    феъл
    даранг кардан; баҳонаҷӯӣ кардан
    гӯш чаҳор шудан گوش چهار شدن
    феъл
    бо ниҳояти диққат гӯш додан
    гӯши мардумро хабар гаштан گوش مردم را خبر گشتن
    феъл
    гӯш ба гӯш расидан, овоза шудан
    гӯши ризо ниҳодан گوش رضا نهادن
    феъл
    қабул кардан, мувофиқат кардан
    гӯш бар гӯш расидан گوش بر گوش رسیدن
    феъл
    паҳн шудан, овоза шудан
    гӯш ба дар будан گوش به در بودن
    феъл
    мунтазир будан, интизорӣ кашидан
    гӯш ба овоз нишастан گوش به آواز نشستن
    феъл
    мунтазир будан, умедвор будан
    гӯш ба фармон будан گوش به فرمان بودن
    феъл
    мутеъ ва фармонбардор будан
    гӯш бар молиш ниҳодан گوش بر مالش نهادن
    феъл
    ҷазо додан
    аз худ тиҳӣ будани гӯши камол از خود تهی بودن گوش کمال
    бемаърифат ва бедониш будан
    ба гӯши дил шунидан به گوش دل شنیدن
    бо диққат гӯш кардан, аз таҳи дил шунидан
    ба гӯш кардан به گوش کردن
    феъл
    шунавидан; итоъат кардан
    ба гӯш расидан به گوش رسیدن
    феъл
    ба гӯш дохил шудан, шунида шудан
    ба гӯш хӯрдан به گوش خوردن
    феъл
    ба гӯш бархӯрдан, ба гӯш расидан
    ба гӯшу ҳуш шунавидан به گوش و هش شنویدن
    бо диққат ва таваҷҷуҳи тамом шунавидан
    дар гӯш ёфтан در گوش یافتن
    феъл
    шунидан
    дар гӯш кардан در گوش کردن
    феъл
    1. 1.
      ба гӯш бастан, ба гӯш овехтан; киноя аз қабул кардан
    2. 2.
      ёд гирифтан, омӯхтан
    дар гӯш нишастан در گوش نشستن
    феъл
    ба гӯш дохил шудан, ба гӯш даромадан; киноя аз дар ёд мондан, хотирнишин шудан
    дар гӯш шудан در گوش شدن
    феъл
    ба гӯш дохил шудан, ба гӯш расидан, шунида шудан
гӯш گوش II
исм
номи рӯзи чордаҳуми ҳар моҳи шамсӣ, ки эрониёни қадим онро ҷашн мегирифтанд
гӯш گوش III
исм
варзиш нигаред ба бозикуни гӯш 1; дар ағлаб бозиҳои тимии майдонӣ, бозикуне, ки дар самти рост ё чапи замин бозӣ мекунад
гӯш گوش IV
исм
варзиш дар ағлаби бозиҳои тимии майдонӣ, самти рост ё чапи замин, ки бозикуни гӯш дар он бозӣ мекунад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гӯш, маънии вожаи гӯш, маънии калимаи гӯш, маънии ибораи гӯш, маънои гӯш, маънои вожаи гӯш, маънои калимаи гӯш, маънои ибораи гӯш, таърифи гӯш, таърифи вожаи гӯш, таърифи калимаи гӯш, таърифи ибораи гӯш, значение гӯш, значение слова гӯш, значение фразы гӯш, значение выражения гӯш, определение гӯш, определение слова гӯш, определение фразы гӯш, определение выражения гӯш