гардидан گردیدن гаштан گشتن
феъл
  1. давр задан, чархидан
    • Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,

      Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.

      Ҳофиз бештар
    • То ки бар гирди замин мегардад,

      Курраи гунбади дӯлобигард...

      Анварӣ
  2. гаштан, роҳ рафтан; гардиш кардан, аз ҷое ба ҷое рафтан; гардиш ва сайру ҳаракат намудан, такудав кардан (дар ҳудуди ягон ҷой)
    • Ҳамегашт бо зар яле Пилсам,

      Ба майдон ба кирдори шери дижам.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ба ҷои асас мегашт, то ҳар куҷо халале бинад, тадорук кунад.

      Аҳмади Дониш
  3. таҳаввул кардан, аз ҳоле ба ҳоле даромадан, тағйир ва табдил ёфтан
    • Бори дигар малик ба дидани ӯ рағбат кард, обидро дид ва ҳайати нахустин бигардида ва сурху сапед баромада ва фарбеҳ шуда.

      Саъдӣ
    гардидани ранг گردیدن رنگ
    феъл
    киноя аз тағйир ёфтани ҳолат, дигаргун шудани вазъият
  4. рӯй додан; пеш омадан
    • Ҳиҷрони сияҳ гар аз туам гашт,

      Он низ ҳам аз сапедкорист.

      Анварӣ
  5. шудан
  6. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ
    гардидан аз касе, чизе گردیدن از کسی، چیزی
    киноя аз рӯ гардондан, сар печидан, гардантобӣ кардан аз чизе
    гардидани фалак ба коми касе گردیدن فلک به کام کسی
    феъл
    киноя аз омад кардани кори касе
    гард گرد
    феъл
    равона шав! биё, рафтем!
    гардам گردم аз сарат гардам از سرت گردم
    феъл
    фидоят шавам, садқаат шавам (навозиш ва эҳтиром ба касе)
гаштан گشتن
феъл
  1. нигаред ба гардидан 1; давр задан, чархидан
  2. гардидан, шудан
  3. гардиш кардан
  4. мунҳариф шудан, гумроҳ шудан
  5. баргаштан, риҷъат кардан, қафо рафтан
  6. дар феълҳои таркибӣ омада, маънои давоми амалро медиҳад: бозӣ карда гаштан, давида гаштан ва ғ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гаштан, маънии вожаи гаштан, маънии калимаи гаштан, маънии ибораи гаштан, маънои гаштан, маънои вожаи гаштан, маънои калимаи гаштан, маънои ибораи гаштан, таърифи гаштан, таърифи вожаи гаштан, таърифи калимаи гаштан, таърифи ибораи гаштан, значение гаштан, значение слова гаштан, значение фразы гаштан, значение выражения гаштан, определение гаштан, определение слова гаштан, определение фразы гаштан, определение выражения гаштан