Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
гардан گردن I
исм
  1. он қисми бадан, ки сарро бо китфҳо мепайвандад, унуқ (унқ)
    гардан андаркашидан گردن اندرکشیدن
    феъл
    киноя аз сарпечи кардан, итоъат накардан
    гардан афрохтан گردن افراختن
    феъл
    1. 1.
      тафохур кардан, мағрурӣ намудан
    2. 2.
      мунтазири дидани касе шуда сар боло кардан, чашм ба роҳи касе доштан
    гардан печидан گردن پیچیدن
    феъл
    аз чизе гардан кашидан, аз чизе сар кашидан, итоъат накардан
    гардан барпечидан گردن برپیچیدن
    феъл
    нигаред ба гардан печидан 1; аз чизе гардан кашидан, аз чизе сар кашидан, итоъат накардан
    гардан задан گردن زدن
    феъл
    киноя аз гардан буридан, ба қатл расонидан, куштан
    гардан нарм кардан گردن نرم کردن
    феъл
    киноя аз тобеъ шудан, итоъат кардан, мутеъ гардидан
    гардан ниҳодан ба чизе گردن نهادن به چیزی
    феъл
    розӣ шудан, итоъат кардан, тобеъ шудан
    гардан тофтан گردن تافتن
    феъл
     киноя аз итоъат накардан; саркашӣ намудан
    гардан хоридан گردن خاریدن
    феъл
    киноя аз узр овардан; баҳонаҷӯӣ кардан
    гардан ба шамшер хоридан گردن به شمشیر خاریدن
    феъл
    ба куштан додан (супоридан)
    аз теғ озод гаштани гардан از تیغ آزاد گشتن گردن
    феъл
    киноя аз наҷот ёфтан, раҳҳоӣ ёфтан, алос шудан (аз шарри касе)
    ба гардан гирифтан به گردن گرفتن
    феъл
    қабул кардан, мутасаддӣ шудан, ба зимма гирифтан
    бо гардани каҷ با گردن کج
    бо аҷзу нотавонӣ; фармонбардорона, мутеона
    гардан буридан گردن بریدن
    феъл
    куштан
    гардан додан گردن دادن
    феъл
    1. 1.
      тан додан; тобеъ шудан
    2. 2.
      розӣ шудан ба коре
    гардани касеро | чизеро ба банд овардан گردن کسی را | چیزی را به بند آوردن
    феъл
    касеро (чизеро) ба қайди худ даровардан, мутеи худ кардан
    гардани касеро | чизеро шикастан گردن کسی را | چیزی را شکستن
    феъл
    касе ё чизеро мағлуб кардан; нобуд кардан
    гардани шахро мулоим кардан گردن شخ را ملایم کردن
    феъл
    одами якравро ба ифоқа овардан
    гардан кашидан گردن کشیدن
    феъл
    нофармонӣ кардан, аз итоъат сар тофтан
    гардан фуровардан گردن فراوردن гардан фаровардан
    феъл
    тобеъ шудан, итоъат кардан; розӣ шудан, тан додан (ба коре)
    гардан ёрӣ надодан گردن یاری ندادن
    феъл
    хуши касе наомадан, ба коре майл накардан
    гардан каҷ кардан گردن کج کردن
    феъл
    (дар пеши касе) изҳори аҷзу нотавонӣ кардан ба касе, зорию илтимос кардан аз касе
    аз гардан соқит кардан از گردن ساقط کردن
    феъл
    аз зиммаи худ дур кардан, масъулияти кореро ба уҳда нагирифтан; аз сар соқит кардан
    ба гардани касе бор кардани чизе به گردن کسی بار کردن چیزی
    1. 1.
      зӯран ё бо фиреб ба зиммаи касе гузошта шудани чизе, касеро маҷбуран ба ягон чиз мутасаддӣ кардан
    2. 2.
      ба зиммаи касе вогузоштан чизеро, уҳдадор кардан касеро ба коре
    як сару гардан баланд будан аз касе یک سر و گردن بلند بودن از کسی
    феъл
    1. 1.
      имтиёз доштан бар касе, беҳтар будан нисбат ба каси дигар
    2. 2.
      қадбаланд будан нисбат ба каси дигар
  2. ҷои танги байни даҳон ва шиками зарфҳо, гардани зарфҳо ва асбобҳои дигар
гардан گردن II
исм
улум ва фанноварии ғизо бахше аз лошаи дом, ки аз паси сар оғоз мешавад ва то дандаҳо идома дорад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гардан, маънии вожаи гардан, маънии калимаи гардан, маънии ибораи гардан, маънои гардан, маънои вожаи гардан, маънои калимаи гардан, маънои ибораи гардан, таърифи гардан, таърифи вожаи гардан, таърифи калимаи гардан, таърифи ибораи гардан, значение гардан, значение слова гардан, значение фразы гардан, значение выражения гардан, определение гардан, определение слова гардан, определение фразы гардан, определение выражения гардан