Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
гард گرد
феъл
  1. асоси замони ҳозираи гаштан 1
  2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои аз ҷое ба ҷое раванда, гарданда
гард گرد
феъл
равона шав! биё, рафтем!
гард گرد I
сифат
  1. гардиш, ҳаракат
    • Чамонандаи деза ҳангоми гард,

      Чаронандаи каргас андар набард.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    гард кардан گرد کردن
    феъл
    гардидан, гардиш кардан
    гард кардан گرد کردن
    феъл
    гардидан, гардиш кардан
  2. маҷ. гардун, чарх
    • Ба Пирон чунин гуфт: К-имрӯз гард,

      На бар орзу гашт гоҳи набард.

      Абулқосим Фирдавсӣ
гард گرد II
исм
  1. чангу ғубор, хокреза; зарраҳои майдаи ҳар чиз, ки ба шакли чангу ғубор даромадааст (мас., гарди орд)
    • Ба лашкаргаҳ омад дамодам сипоҳ,

      Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ба мағриб сипоҳаш чу созад набард,

      Кунаш хушк дарёи Чинро зи гард.

      Хоҷу
    гарди сурма گرد سرمه
    исм
    хокаи сурма, судаи сурма
  2. маҷ. ғаму андӯҳ
    • Зи танҳоӣ магар гарде ба дил дошт,

      Зи савдои ҷунун дарде ба дил дошт.

      Баҳори Аҷам
    гарди кофур گرد کافور
    киноя аз бухори сафед
  3. маҷ. чизи ночиз, чизи беарзиш
    гард баровардан аз чизе گرد برآوردن از چیزی
    киноя аз чизеро поймол кардан ва нобуд сохтан
    гард баровардани пашша аз сари Намруд گرد برآوردن پشه از سر نمرود
    киноя аз ривояти диние, ки пашшае Намрудро, ки даъвои худоӣ карда буд, нобуд гардонидааст
    гард аз ниҳоди касе баровардан گرد از نهاد کسی برآوردن
    феъл
    нобуд кардан касеро
    гард аз об ангехтан گرد از آب انگیختن гард аз об барангехтан گرد از آب برانگیختن
    феъл
    киноя аз кори фавқулодда кардан
    аз маркаб ба гард даромадан از مرکب به گرد درآمدن
    феъл
    ба хок афтода нобуд шудан
    аз оби равон гард барангехтан از آب روان گرد برانگیختن
    киноя аз корнамоии бемислу монанд нишон додан, корҳои номумкин ва муъҷизамонандро иҷро кардан
    аз чизе гард бар домани касе будан از چیزی گرد بر دامن کسی بودن
    киноя аз таъаллуқ доштани чизе ба касе
гард گرد IV
исм
муҳандисии баспоршимӣ зарроти ҷомиди хушк ва кӯчак, ба андозаи як то сад микруметр, ки бар асари нерӯҳои табиъӣ мисли бод ё фарояндҳои меконикӣ монанди осиё кардан, дар ҳаво муаллақ ва маъмулан бар асари нерӯи гирониш тагнишин мешавад
гард گرد V
исм
  1. муҳандисии баспор-лостик пудре, ки бар сатҳи моддаи часбнок мезананд то часбандагии онро аз байн бибаранд
  2. муҳандисии баспор-лостикбарқӣ моддае, ки аз часбнокии сатҳи лостики пухтанашуда мекоҳад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гард, маънии вожаи гард, маънии калимаи гард, маънии ибораи гард, маънои гард, маънои вожаи гард, маънои калимаи гард, маънои ибораи гард, таърифи гард, таърифи вожаи гард, таърифи калимаи гард, таърифи ибораи гард, значение гард, значение слова гард, значение фразы гард, значение выражения гард, определение гард, определение слова гард, определение фразы гард, определение выражения гард