бӯ بو бӯй بوی
исм
  1. роиҳае, ки аз чизҳо, моддаҳои гуногун ҷудо шуда ба ҳаво паҳн ва ба воситаи димоғ (қувваи шомма) эҳсос мешавад
    • Бӯи пиёз аз даҳани хубрӯй,

      Хубтар ояд, ки гул аз дсти зишт. 

      Саъдӣ
    бӯ гирифтан بو گرفتن
    феъл
    1. 1.
      бӯй кардан, бӯйро ҳис кардан; бӯи чизеро дарк кардан; бӯ ёфтани чизе, касби бӯ кардан
    2. 2.
      гундидан, бадбӯ шудан
    бӯй шунидан بوی شنیدن
    феъл
    бӯй бурдан, бӯй ҳис кардан; бӯидан
    бӯи чизеро аз чизе шунидан بوی چیزی را از چیزی شنیدن
    феъл
    бӯи чизеро ҳис кардан
  2. маҷ. нишон ва аломат, осор
    • Ношуда аз хӯи бадат дил тиҳӣ,

      Кай расад аз назми ту бӯи беҳӣ? 

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Офият хоҳӣ, ба рафъи ҷуръати наззора кӯш,

      Бӯи роҳат нест, то мижгон баҳам пайваста нест.

      Бедил
    бӯй бурдан بوی بردن
    феъл
    нишон ва аломати чизеро дарёфтан; баҳра ва насиби каме гирифтан
    бӯй бурдан аз чизе بوی بردن از چیزی
    феъл
    1. 1.
      бӯи чизеро касб кардан, гирифтан
    2. 2.
      маҷ. таъсир гирифтан, мутаассир шудан аз чизе
    3. 3.
      баҳра бурдан
    бӯи чизе меояд аз касе, чизе بوی چیزی می‌آید از کسی، چیزی
    зоҳир шудани нишону осор ва аломати чизе аз касе 
    бӯи шир аз даҳони касе меояд بوی شیر از دهان کسی می‌آید
    киноя аз пайдо будани осори кӯдакӣ дар касе
  3. маҷ. умед
    • Бар бӯи он ки дар боғ ёбад гуле чу рӯят,

      Ояд насиму ҳар дам гирди чаман барояд. 

      Ҳофиз бештар
    • Субҳ бар бӯи висолат шавқи гулзорам гирифт,

      Ғунчаҳоро донаи тасбеҳи «ё раб» доштам. 

      Мушфиқӣ
бӯйбар بویبر
исм
модда ё асбоб барои нест кардани бӯи бад
бӯйбарӣ بوی‌بری
исм
аз байн бурдани бӯи чизе (ба воситаи маводди бӯйбар)
бӯйгир بویگیر
сифат
нигаред ба бӯгир 1; дорои бӯйфаҳмии хос
бӯйгирифта بویگرفته
сифат
сифати феълии замони гузашта аз бӯ(й) гирифтан; бадбӯйгардида, бӯи бад пайдокарда (аз пӯсиш ва ғ.)
бӯйдор بویدار
феъл
бӯйдиҳанда; хушбӯ, муаттар
бӯйкашӣ بویکشی
исм
исми амал аз бӯ кашидан; бӯидан, бӯида дидан
бӯймодарон بوی مادران
исм
  1. гиёҳшиносӣ гиёҳи соқабаланде, ки гулҳои хӯшагии сафед дорад ва дар тиб ба кор меравад
  2. нигаред ба бӯмодарон 1; номи гиёҳе аст моил ба кумудату тезӣ ва гули кабуд дорад, ба тозӣ қайсум хонанд. Ҳамон баранҷосб аст, ки гулаш кабуду моил ба кумудату тезбӯӣ аст
бӯйнок بویناک
сифат
  1. нигаред ба бӯйдор 1; бӯйдиҳанда; хушбӯ, муаттар
  2. бадбӯй, дорои бӯи нохуш
бӯйовар بوی‌آور
сифат
оварандаи бӯй, бӯйдиҳанда
  • Боди бӯйовар мар-ӯро об гашт,

    Об ҳам ӯро шароби ноб гашт. 

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бӯй, маънии вожаи бӯй, маънии калимаи бӯй, маънии ибораи бӯй, маънои бӯй, маънои вожаи бӯй, маънои калимаи бӯй, маънои ибораи бӯй, таърифи бӯй, таърифи вожаи бӯй, таърифи калимаи бӯй, таърифи ибораи бӯй, значение бӯй, значение слова бӯй, значение фразы бӯй, значение выражения бӯй, определение бӯй, определение слова бӯй, определение фразы бӯй, определение выражения бӯй