Агар бодидаӣ, нодида машнав,
Ту бурҳон хоҳу бар тақлид маграв.
бештарАгар ҳамчунин низ фармон кунӣ,
Напечӣ зи фармону паймон кунӣ.
Ҷаҳон сар ба сар подшоҳӣ турост,
Даду дом бо мурғу моҳӣ турост.
Агар аз фарқ то қадам ҳунарӣ,
Чун бахилӣ, зи хоки раҳ батарӣ.
бештарНамегардад хато, Мулҳам, нишони фақр дур аз ман,
Қавизӯрам, агар ҳамчун камон пушти дуто дорам.
Магзор маро ба ноз, агарчанд,
Хуб ояд ноз нозанинро.
Дар қадаҳ, ҳамчу ақлу ҷон дар тан,
Ошкор аст, агарчи пинҳон аст.
бештарАгарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслаҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ҳар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ӯ асар накунад, ба феъли эшон муттаҳам гардад.
Шавкат, куҷост шавқи фузулӣ, ки то абад,
Беҳудагардӣ кӯчаи дилҳо кунад маро.