Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
мавз موز мувз
арабӣ
исм
мевае дароз, хамида, ва гӯштӣ, ки дар навоҳии гармсерӣ ба амал меояд; банан
мавзеъ موضع
арабӣ
исм
ҷои будани чизе, ҷой, макон
  • Ва он оби дигар боздошт ва ин мавзеъ, ки Бухоро аст, оганда шуд ва замин рост шуд ва он рӯд азими Суғд шуд. 

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Аз хона берун омад, то ба мавзеи дигар равад. 

    Авфӣ
мавзунӣ موزونی
исм
  1. мавзун будан, санҷида будан
  2. салосат, фасоҳат; шоъирӣ
    • ... Ба муҷарради ҳар шавқе бар дили маънӣ-манзим оғӯш кушуд ва ин қитъа бе тааммул аз олами мавзунӣ ҷилва намуд. 

      Бедил
мавзунқад موزون‌قد
сифат
нигаред ба мавзунқомат 1; он ки қади расо, мутаносиб ва зебо дорад, хушқаду қомат
мавзунқомат موزون‌قامت
сифат
он ки қади расо, мутаносиб ва зебо дорад, хушқаду қомат
мавзӯӣ موضوعی
сифат
мансуб ба мавзӯъ 1
нақшаи мавзӯӣ نقشه موضوعی нақшаи мавзӯъӣ
исм
нақшаи аз рӯи мавзӯъҳо тартибёфта (-и таълими фанне дар мактаб)
мавзӯъ موضوع
арабӣ
исм
  1. муқобили маҳмул 3; субъект, мубтадо
    • Ва он пора аз вай, ки ҳукм бар ӯст, чунон ки андар ин мисол «мардум» бувад, мавзӯъ хонанд. 

      Ибни Сино
  2. умумӣ он чи дар бораи он баҳсу озмоиш кунанд
сифат
вазъ кардашуда, гузошташуда, ниҳодашуда
  • Панҷ хурмо бар ҳар гирдаи нон мавзӯъ буд.

    Равзату-с-сафо бештар
  • Осаф бар курсие, ки пеши тахт мавзӯъ буд, қарор гирифт. 

    Равзату-с-сафо
мавзӯот موضوعات
арабӣ
сифат
  1. ҷамъи мавзӯъ 1
  2. чизҳои сохта ва бофта (суханон, воқеъаҳо ғ.)
    • Баъзе ҳикоёти таворих аз ҷумлаи мавзӯъот бошад. 

      Равзату-с-сафо
мавзӯъи додаҳо موضوع داده‌ها
исм
роёна ва фанноварии иттилоот фарде, ки додаҳои мушаххасе ба ӯ марбут мешавад
мавзеъи фаъол موضع فعال
исм
шимӣ ҷойгоҳе дар котолизгар (catalyst), ки вокуниш котолизии ноҳамгун дар он сурат мегирад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии Мавз, маънии вожаи Мавз, маънии калимаи Мавз, маънии ибораи Мавз, маънои Мавз, маънои вожаи Мавз, маънои калимаи Мавз, маънои ибораи Мавз, таърифи Мавз, таърифи вожаи Мавз, таърифи калимаи Мавз, таърифи ибораи Мавз, значение Мавз, значение слова Мавз, значение фразы Мавз, значение выражения Мавз, определение Мавз, определение слова Мавз, определение фразы Мавз, определение выражения Мавз