ғоя غایه ғоят غایت
арабӣ
исм
  1. ниҳоят, интиҳо, охир, поён, анҷом
    • Ва носеҳони вай боз намуда буданд, ки ғавр ва ғояти ин ҳадис бузург аст.

      Таърихи Байҳақӣ бештар
    • Ғояти мӯи ман сапед бувад,

      З-ин шигифти ҳаме шавам дилтанг. 

      Носири Хусрав
  2. андоза, ҳад
    • Дар паси ин пардаи зангоргун

      Ориятонанд зи ғоят бурун. 

      Низомӣ бештар
    • Фунуни фазли туро ғоятею ҳадде нест,

      Ки нафси нотиқаро қуввати баён монад. 

      Саъдӣ
  3. аз ғояти ... аз бисёрии ..., аз фарти ...
    • Аз ғояти бенангиву аз ҳирси гадоӣ

      Устодтар аз вай ҳама ин ёфадироён. 

      Сӯзанӣ
    ба ғоят به غایت
    зарф
    ҷудо, бисёр, хеле
    то ғояте تا غایت‌ی
    пайвандак
    то ба ҳадде, то ба дараҷае
    дар ғояти در غایت
    пайвандак
    дар камоли ... дар ниҳояти ... 
    ба ғоят расидан به غایت رسیدن
    феъл
    ба ҳадди охир расидан, ба охирин нуқта расидан
    то ғоят تا غایت
    зарф
    то ба ғоят, то ин дам, то ин дам, то ба ҳол; ҳанӯз, то кунун
  4.  маҷ. ба камол, ба воя расидан
    • Гул ба ғоят расид, бигзоред,

      То бинолад ҳазордастонаш. 

      Саъдӣ
  5. мақсад, мурод
    • Шамсулмаонӣ дар маърифати қадри ӯ ва тақдими хадамоти писандида ба ҳама ғояте расид. 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, فرهنگ فارسی تاجیکی واژه‌جو. تعریف‌ها از «فرهنگ زبان تاجیکی»، «واژه‌های مصوّب فرهنگستان زبان و ادب فارسی» و دیگر فرهنگ و واژه‌نامه‌های تاجیکی و فارسی را در بر دارد. هر واژه‌ای‌ به دو خط - تاجیکی و فارسی نوشته شده‌است. معنی غایه، معنی واژه‌ غایه، معنی کلمه‌ غایه، معنی عباره‌ غایه، معنای غایه، معنای واژه‌ غایه، معنای کلمه‌ غایه، معنای عباره‌ غایه، تعریف غایه، تعریف واژه‌ غایه، تعریف کلمه‌ غایه، تعریف عباره‌ غایه