ҳаром حرام
сифат
муқобили ҳалол 1; манъ кардашуда, нораво, ношоиста, ғайри қонунӣ (аз рӯи шариъат)
  • Ало, то ба ғафлат нахобӣ, ки навм,

    Ҳаром аст бар чашми солори қавм.

    Саъдӣ бештар
  • Омадӣ, ҷону дилу дида нисорат бодо,

    Чун будӣ муниси ҷон, хоб ҳаром аст имшаб.

    Махфӣ
ҳаромзода حرامزاده
сифат
  1. бачае, ки аз ғайри никоҳи шаръӣ зоида шуда бошад
    • Ашки риёи зоҳидон рехт ба хонаи Худо,

      Қаҳба ба масҷид афганад тифли ҳаромзодаро.

      *
  2. ҳилагар, фиребгар, қаллоб
    • Гуфт: –Чи ҳаромзода қавманд, сагро кушода ва сангро баста[анд].

      Саъдӣ
ҳаромзодагӣ حرام‌زادگی
исм
фиребгарӣ, қаллобӣ, дуздӣ
ҳаромӣ حرامی
сифат
дузд, роҳзан, ғоратгар, яғмогар
  • Ҳукамо гуфтаанд: Чаҳор кас аз чаҳор кас ба ҷон биранҷанд: ҳаромӣ аз султон, дузд аз посбон ва фосиқ аз ғаммоз ва руспӣ аз муҳтасиб.

    Саъдӣ бештар
  • Дар замони ӯ фитна сокин ва туруқ аз дузду ҳаромӣ амин буд.

    Равзату-с-сафо
ҳаромкор حرام‌کار
сифат
  1. онки ҳалолу ҳаромро риоят намекунад
  2. касе, ки аз моли ҳаром дӯрӣ намекунад
  3. дузд, роҳзан
  4. нодуруст
ҳаромкорӣ حرامکاری
исм
қаллобӣ, порахӯрӣ
ҳароммағз حرام‌مغز
исм
моддаи нарму чарби сафедранг, ки ба даруни сутунмуҳраи пушт ҷо дорад
ҳароммурда حرام‌مرده
сифат
ҳайвони худмурда (нисбат ба чорпои ҳалолгӯшт)
ҳароммурӣ حرام‌مری
исм
  1. ҳаром мурдан (оид ба ҳайвонот)
  2. гуфтугӯӣ маҷ. аз касофатии худ ба ҳалокат расидан
ҳаромризқ حرام‌رزق
сифат
нигаред ба ҳаромхор 1; касе, ки ризқу рӯзиаш аз ҷои нораво бошад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳаром, маънии вожаи ҳаром, маънии калимаи ҳаром, маънии ибораи ҳаром, маънои ҳаром, маънои вожаи ҳаром, маънои калимаи ҳаром, маънои ибораи ҳаром, таърифи ҳаром, таърифи вожаи ҳаром, таърифи калимаи ҳаром, таърифи ибораи ҳаром, значение ҳаром, значение слова ҳаром, значение фразы ҳаром, значение выражения ҳаром, определение ҳаром, определение слова ҳаром, определение фразы ҳаром, определение выражения ҳаром