оростан آراستن
феъл
  1. зинат додан, зебу зинат додан, музайян кардан, оро додан
    • Боди сабо даромад,фирдавс гашт саҳро,

      Орост бӯстонро найсо ба фарши дебо.

      Кисоӣ бештар
    • Абӯабдулло бифармуд, то шаҳрро биёростанд.

      Таърихи Наршахӣ
    • Бисёр машав ғарра бад-ин ҳусни диловез,

      К-ин ҳусни диловези ту аз ишқ ман орост.

      Салмони Саваҷӣ
  2. барпо кардан, сохтан; хушнамо сохтан; ба вуҷуд овардан
    • Базме подшоҳона биоростанд.

      Авфӣ бештар
    • Чист бингар, з-осиё мар-осиёбонро ғал(л)а?

      Гар набоистиш ғалла, осиё н-оростӣ.

      Носири Хусрав
    • Таҳайюр гаҳ зи чашмакҳои ашкам анҷум орояд,

      Сазад гар гардиши рангам кунад таъмири гардуне.

      Шоҳин
  3. обод кардан, маъмур кардан
    • Масъуди насир ... афзали подшоҳони вақт аст ба аслу насаб... шуҷоъату саховат ва пиростани мулку оростани вилоят.

      Низомии Арӯзӣ
  4. дуруст кардан; соз кардан
    • Зананда дигаргун биёрост руд,

      Баровард ногаҳ дигар суруд.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Макун пешаи худ ба ҷуз ростӣ,

      Агар ростӣ корат оростӣ!

      Ҳотифӣ
  5. омода шудан; муҳайё кардан, ҳозир кардан
    • Ҳама ганҷ пеши ту оростаст,

      Агар тоҷ, агар тахт, агар хостааст.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Рӯзи дуйӯм зи ҷой Қомат хост,

      Хештанро барои ҷанг орост.

      Мушфиқӣ
    • Ҷавоби нома биёростам, ки бинвисам:

      Аз он чи гӯш зи ҷонон шунид, дида надид.

      Шоҳин
  6. киноя аз навиштан, таълиф намудан, гуфтан
    • Кунун, эй сухангӯи бедормағз,

      Яке достоне биёрой нағз.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ҷавоби ҳарфи ёр оростан хост,

      Хароше дошт ҳар ҳарфе, ки орост.

      Хусрави Деҳлавӣ
    • Пешиниён хирадномаҳо оростаанд, ки пасинон гӯш кунанд.

      Нигори дониш

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии оростан, маънии вожаи оростан, маънии калимаи оростан, маънии ибораи оростан, маънои оростан, маънои вожаи оростан, маънои калимаи оростан, маънои ибораи оростан, таърифи оростан, таърифи вожаи оростан, таърифи калимаи оростан, таърифи ибораи оростан, значение оростан, значение слова оростан, значение фразы оростан, значение выражения оростан, определение оростан, определение слова оростан, определение фразы оростан, определение выражения оростан