илм علم ъилм
арабӣ
исм
  1. маҷмӯъи маълумот перомуни ягон соҳа, фан, дониш, маърифат
    • Илм чандон ки бештар хонӣ,

      Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

      Саъдӣ бештар
    • Илм, к-аз аъмол нишонеш нест,

      Колбуде дораду ҷонеш нест.

      Хусрави Деҳлавӣ
    • Илм дорӣ, зи кас мадор дареғ,

      Дар дили ташнагон бибор чу меғ.

      Авҳадӣ
    • Илм дар сина, на дар сафина.

      Зарбулмасал
    илми абдон علم ابدان ъилми абдон
    исм
    илми баданҳо, илми тиб
    илми адаб علم ادب ъилми адаб
    исм
    илми филология, ки асосан аз 12 қисм иборат буд: илми луғат, илми сарф, илми иштиқоқ, илми наҳв, илми маонӣ, илми баён, илми арӯз, илми қофия, илми расмулхат, илми бадеъ (санҷиш, ддониш ва санъати шеър), илми иншои наср, илми таворих
    илми ҷарри асқол علم جر اثقال ъилми ҷарри асқол
    исм
    механика
    илми найранҷот علم نیرنجات ъилми найранҷот
    исм
    донистан ва кор фармудани шбада ва найрангбозиҳо
    илми ҳайат علم هیئت ъилми ҳайат
    исм
    астрономия, космография
    илми ҳайвонот علم حیوانات ъилми ҳайвонот
    исм
    ҳайвоншиносӣ, зоология
    илми ҳандаса علم هندسه ъилми ҳандаса
    исм
    геометрия
    илми ҳикмат علم حکمت ъилми ҳикмат
    исм
    1. 1.
      илми фалсафа
    2. 2.
      илми физика
    илми ҷабру муқобала علم جبر و مقابله ъилми ҷабру муқобала
    исм
    алгебра
    илми ҷамодот علم جمادات ъилми ҷамодот
    исм
    маъданшиносӣ, минералогия
    илми қол علم قال ъилми қол
    исм
    илмҳои зоҳирӣ ва расмии мадраса
    илми шуоъ علم شعاع ъилми шуъоъ
    исм
     илми оид ба пайдоиш ва инъикоси нур, оптика
    илми тиб علم طب ъилми тиб
    исм
    медисина
    илми тахтитулбилод علم تخطیط‌البلاد ъилми тахтитулбилод
    исм
    маконнигорӣ, топография
    илми милоҳат علم میلاهت ъилми милоҳат
    исм
    илми дарёнавардӣ, киштиронӣ
    илми табақотуларз طبقات‌الارض ъилми табақотуларз
    исм
    заминшиносӣ, геология
    илми риёзӣ علم ریاضی ъилми риёзӣ
    исм
    мувофиқи тақсимоти қадимӣ асосан илмҳои адад, ҳандаса, нуҷум, мусиқӣ; ба ғайр аз ин илмҳои манозир ва мароё (оптика), ҷабр ва муқобала ва ҷарри асқол (механика)-ро дар бар мегирифт
    илми сарф علم صرف ъилми сарф
    исм
    нигаред ба сохтвожа 1; морфология
    илми сиёқ علم سیاق ъилми сиёқ
    исм
    илми ҳисоби қадим, махсусан дар қайду сабти вазни хелу ҷинсҳои мол ва ҳисоби маблағи пул
    илми расад علم رسد ъилми расад
    исм
    илмест доир ба нуҷум, илми зиҷ ва мушоҳадаи ситорагон
    илми рамл علم رمل ъилми рамл
    исм
    навъе аз фолбинӣ
    илми маодин علم معادن ъилми маъодин
    исм
    маъданшиносӣ, минералогия
    илми муҳосабат علم موهاسبت ъилми муҳосабат
    исм
    илми дафтардорӣ, бухгалтерия
    илми наботот علم نباتات ъилми наботот
    исм
    гиёҳшиносӣ, ботаника
    илми набот علم نبات ъилми набот
    исм
    нигаред ба илми наботот 1; гиёҳшиносӣ, ботаника
    илми назар علم نظر ъилми назар
    исм
    илме, ки дар он одобу баҳсу мунозира баён карда мешавад, илми мунозира
    илми манқул علم منقول ъилми манқул
    исм
    ҳар илме аз улуми нақлӣ, ки ба нақлу ривоятҳо асос ёфтааст
    илми нақлӣ علم نقلی ъилми нақлӣ
    исм
    нигаред ба илми манқул 1; ҳар илме аз улуми нақлӣ, ки ба нақлу ривоятҳо асос ёфтааст
    илми мусалласот علم مثلثات ъилми мусалласот
    исм
    тригонометрия
    илми наҳв علم نحو ъилми наҳв
    исм
    синтаксис; илми нуҷум ситорашиносӣ, астрология; астрономия
    илми маъқул علم معقول ъилми маъқул
    исм
    ҳар илме, ки ба ақл ва муҳокима истинод мекунад
    илми масоҳ علم مساح ъилми масоҳа
    исм
    илми заминпаймоӣ, геодезия
    илми мантиқ علم منطق ъилми мантиқ
    исм
    логика
    илми лисон علم لسان ъилми лисон
    исм
    забоншиносӣ
    илми ладунӣ علم لدونی ъилми ладунӣ
    исм
    илму дониши худодод, ки гӯё аз ғайри таълими устод ва кӯшишу ҳаракати шахс аз ғайб ҳосил мешудааст
    илми луғат علم لغت ъилми луғат
    исм
    луғатшиносӣ
    илми кимиё علم کیمیا ъилми кимиё
    исм
    1. 1.
      илми схоластикии асримиёнагӣ, ки бо ҷустуҷӯи иксир ном ҷавҳари мавҳум, ки гӯё мис ва ғайраро ба тило мубаддал мекардааст, машғул мешуданд
    2. 2.
      кимиё
    илми калом علم کلام ъилми калом
    исм
    илмест, ки масъалаҳои нақлиро бо далелҳои ақлӣ собит кардан мехоҳад, худошиносӣ, илми эътиқодот, теология
    илми зунун علم زونون ъилми зунун
    исм
    идрок ва фаҳмиш аз рӯи шакку шубҳа; бо роҳи шак ва шубҳа расидан ба ҳақиқати чизҳо
    илми бекор علم بیکار ъилми бекор
    исм
    илме, ки ба кор бурда намешавад, илме, ки аз он истифода бурда намешавад, илми беамал
    илми баҳс علم بحث ъилми баҳс
    исм
    мантиқ ва диалектика
    илми буня علم بنیه ъилми буня
    исм
    физиология
    илми манозир ва мароё علم منازیر و مرایا ъилми манозир ва мароё
    исм
    оптика
    илми маонӣ علم معانی илми маъонӣ
    исм
    илме, ки аз илми баён (ташбеҳ, маҷозу истиора, киноя), илми бадеъ (санъатҳои бадеъӣ) ва умуман аз фасоҳату балоғати сухан баҳс мекунад
    илми барин علم برین ъилми барин
    исм
    илми мофавқи табиъат, илми моварои табиъат, метафизика
    илми табиӣ علم طبیعی ъилми табиъӣ
    исм
    илмест, ки асосан физика ва кимиёро дар бар мегирад, табиъатшиносӣ
    илми яд علم ید ъилми яд
    исм
    мувофиқи ақидаҳои хурофотӣ муайян кардани оянда ва табиъати инсон аз рӯи хатҳои кафи даст, хиромантия
    илми мобаъдаттабиа علم مابعدتبیه ъилми мобаъдаттабиъа
    исм
    нигаред ба илми барин 1; илми мофавқи табиъат, илми моварои табиъат, метафизика
    илми табиат علم طبیعت ъилми табиъат
    исм
    нигаред ба илми табиӣ 1; илмест, ки асосан физика ва кимиёро дар бар мегирад, табиъатшиносӣ
    илми қиёфа علم قیافه ъилми қиёфа
    исм
    нигаред ба илми фиросат 1; маҷмӯъи усулу аломатҳое, ки дар бораи шинохтани ахлоқ ва атвори инсон аз рӯи қиёфа ва сурат ҳосил шудааст
    илми таъбир علم تعبیر ъилми таъбир
    исм
    маҷмӯъи тасаввуроти хурофотӣ оид ба гузориши хоб
    илми фиқҳ ва усул علم فقه و اصول ъилми фиқҳ ва усул
    исм
    маҷмӯъи маълумот доир ба қонунҳои дин ва шариъати ислом
    илми фиросат علم فراست ъилми фиросат
    исм
    маҷмӯъи усулу аломатҳое, ки дар бораи шинохтани ахлоқ ва атвори инсон аз рӯи қиёфа ва сурат ҳосил шудааст
    илми арӯз علم عروض ъилми ъарӯз
    исм
    илми доир ба назария ва қоъидаҳои вазни шеър
    илми истифо علم استیفا ъилми истифо
    исм
     илми қонуну қоъидаҳои ҳисобдорӣ дар замони қадим
    илми маҷлис علم مجلس ъилми маҷлис
    исм
    қоъидаҳои одобу муъошират
    илми мизон علم میزان ъилми мизон
    исм
    нигаред ба илми арӯз 1; илми доир ба назария ва қоъидаҳои вазни шеър
  2. огоҳӣ, иттилоъ, хабардорӣ
    • Усмон... гуфт: Ман ҳамегӯям, ки маро аз ин кор илму хабар нест.

      Таърихи Табарӣ бештар
    • Агар илми ту бар он муҳит шавад, қасри вуҷуди туро ба бод хоҳад дод.

      Равзату-с-сафо
  3. маҳорат, моҳирӣ дар ягон соҳа
    илми тир علم تیر ъилми тир
    исм
    маҳорат дар тирандозӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии илм, маънии вожаи илм, маънии калимаи илм, маънии ибораи илм, маънои илм, маънои вожаи илм, маънои калимаи илм, маънои ибораи илм, таърифи илм, таърифи вожаи илм, таърифи калимаи илм, таърифи ибораи илм, значение илм, значение слова илм, значение фразы илм, значение выражения илм, определение илм, определение слова илм, определение фразы илм, определение выражения илм