забоншиносӣ
садоноки мураккабе, ки аз ду унсур иборат буда, як ҳиҷоро
ташкил медиҳад, ки он яклухтии фонетикиро таъмин мекунад. Хосияти фонологии
дифтонг ба ду фонема таҷзия нашудани он аст. Дифтонг дар забонҳои англисӣ,
франсузӣ, чинӣ мавҷуд аст. Дифтонги болораванда. Дифтонге, ки садоноки дуюми он
ҳиҷосоз мебошад. Дифтонги пастшаванда. Дифтонге, ки садоноки аввалаи он ҳиҷосоз
аст. Мақоми фонематикии дифтонг дар асоси меъёри забон, ки ба фонемаҳо тақсимпазирии
дифтонгро муайян мекунад ва пеш аз ҳама, имконпазирӣ ва имконнопазирии марзаи
морфологӣ дар таркиби дифтонг муайян карда мешавад. Вобаста ба ҳамин дар забонҳои
гуногун бифонемӣ ё монофонемӣ буда метавонанд. Ҳоло дифтонгҳо ҳоли забони имрӯзаи
тоҷикӣ нестанд. Аммо дар забони порсии қадим ба мушоҳида мерасад: rauca – рӯз, gausa – гӯш